LibreOffice 7.1 Help
Ҳар як равзанаи часпида тасвире дорад, ки бо воситаи он хосиятҳои нишондиҳии равзана идора карда мешаванд.
Барои нишон додан ва ё ноаён кардани равзанаи часпида тасвирро пахш кунед.
Шумо метавонед канори равзанаи ноаёнро пахш намуда, равзанаро кушоед.
Равзанаи часпида ба тарзи автоматӣ пӯшида мешавад, агар ишораи муш аз болои равзана берун барояд.
Равзанаҳои часпидашудаи бисёр ба мисли як равзана дар режими Автонишондиҳӣ/Автопинҳонкунӣ амал мекунанд.
Агар шумо объектеро аз болои канори равзанаи часпидашудаи ноаён бо муш кӯчиш диҳед, равзана дар режими Автонишондиҳӣ кушода мешавад.